Давоми 9 моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18 миллиарду 158,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 107,5 фоиз таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023-юм 982,0 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст.
Дар ин давра ба миқдори 219,0 ҳазор тонна орд, 2999,6 тонна равғани растанӣ, 27 ҳазору 542,3 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 33 ҳазору 635,3 қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 11 миллиону 275,7 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 121,3 фоиз, равғани растанӣ 95,7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 85,0 фоиз, консерваҳо 123,6 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 131,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 217 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 41 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намуданд.




