Дар корхонаи "Арча-мебел" беш аз 400 навъи мебел истеҳсол мешавад

Дар корхонаи истеҳсолии "Арча-мебел" ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судбахш амалӣ гардида, хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешавад.

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, роҳбарияти корхона аз Ҷумҳурии Туркия таҷҳизоти муосирро ворид намуда, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намуд. Бо фаъол гардидани хати нав истеҳсоли 50 навъи мебел ба роҳ монда шуд, ки талабот ба маҳсулот дар дохил ва хориҷ хеле зиёд аст. Мебели дар ин корхона истеҳсолшаванда мустаҳкаму устувор ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад.

Мутахассисон аз Туркия ба коргарони корхона нозукиҳо ва тарзу усулҳои нав дар истеҳсоли мебелро омӯзонидаанд.

Дар сехи истеҳсоли мебел 60 нафар кор мекунанд ва ба таъкиди соҳибкорон дар оянда низ фаъолияти корхона васеъ карда мешавад.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро хуш истиқбол карда, аз зарурати ташкили чунин корхонаҳо ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ ёдовар шуд. Тазаккур дода шуд, ки бо ҷалби сармоя ва шарикони хориҷӣ дар вилоят бояд ҳарчи бештар корхонаҳои саноатӣ ташкил намуда, аҳолӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки корхонаи муштараки «Арча-мебел» соли 2018 бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва турк таъсис дода шуда, дар он истеҳсоли мебелҳои гуногун ба роҳ монда шуда, имрӯз номгӯи мебелҳои истеҳсолшаванда ба 400 расидааст. Аз ҷониби корхона дар шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров маркази савдо ва фурӯши маҳсулоти корхона ташкил гардида, дар он мебелҳои замонавӣ, дару тиреза ва дигар маҳсулоти истеҳсолӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд