Дар семоҳаи аввали соли 2023 ба маблағи 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

Дар се моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 1696,4 тонна равғани растанӣ, 8666,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 1809,8 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 2272,5 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ 116,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 103,1 фоиз, консерваҳо 117,7 фоиз, нӯшокиҳои беспирт 122,2 фоиз таъмин гардидааст. 

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.       

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои ҳатмӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 коргоҳи дўзандагӣ бо 10 ҷойи нави корӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли пойафзол бо 5 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.  

Дар корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 71,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон, дар ин давра 13809 адад либоси мактабӣ ба маблағи 829,7 ҳазор сомонӣ дӯхта шудааст.  

Дар вилоят 11 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 583,2 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 502,3 ҳазор ҷуфт ё 7,2 баробар зиёд аст.