Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21 млрд. 759,9 миллион сомонӣ расонида шуд

Давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 21 млрд. 759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба миқдори 1 млн. 225,9 ҳазор тонна семент ва 1 млн. 703,4 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.

Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 11 моҳи соли 2022 ба миқдори 4505,1 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 118,9 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Ба миқдори 42192,5 тонна нону маҳсулоти нонӣ ва ба миқдори 4719,9 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 105 ва 113,5 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 10,1 миллион декалитр ва консерваҳо ба 30,1 миллион қуттии шартӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 132,2 ва 100,9 фоизро ташкил намудааст.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагии либоси миллию мактабӣ ва пойафзолдӯзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.

Дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 16 корхонаю коргоҳи нави дўзандагӣ бо 323 ҷойи нави корӣ, 3 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 266,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 36,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Барои дар соли таҳсили 2022-2023 бо либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият ёфта, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 966002 дона либоси мактабӣ дўхта, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 111 фоиз таъмин гардидааст.

Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 330,9 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 63 ҳазор ҷуфт ё 23,5 фоиз зиёд аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд