15 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форуми II ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзуи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори форум коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода форумро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот, мубодилаи афкор ҷиҳати дарёфт ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории минтақа ва дар умум иқтисодиёти миллӣ дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ, гузариш ба ҳадафҳои рушди устувор маънидод кард.
Сипас, як зумра коршиносон, олимону роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ, аз қабили раиси Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Махкамова дар мавзӯи “Саҳми занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар”, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов дар мавзӯи “Механизми баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ”, мудири кафедраи назарияи иқтисодии МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” Ҷамшед Алиҷонов таҳти унвони “Амалигардонии саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баланд бардоштани рақобатпазирии он”, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Раҳмон Улмасов дар мавзӯи “Оғози марҳилаи нави равандҳои муҳоҷират дар ҷаҳон”, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ Даврон Бобоҷонов бо номи “Сармояи инсонӣ ҳамчун омили рақобатпазирии иқтисодиёти минтақа”, директори филиали минтақавии ҶСК “Тавҳидбонк” Зафарҷон Раҳмонов дар мавзӯи “Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ”, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории МОИ “Суғд” Дилором Ҷумахонзода дар мавзӯи “Фазои мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” омили асосии рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва мустаҳкам намудани таҳкурсии иқтисодӣ”, директори ҶДММ “Саманд” оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ Дӯстмуҳаммад Сабуров таҳти номи “Ташаккули фазои солими сармоягузорӣ дар корхонаҳои ватанӣ дар сатҳи минтақа: ҳолат ва рушди он”, директори ҶДММ “Doodle.tj” Фирдавс Ёрматов бо номи “Автоматикунонии раванди тиҷорат дар ташкилот дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” ва иқтисодчии дараҷаи 1 -уми шуъбаи молия, омор ва маркази хизматрасониҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” Наргиза Каримова дар мавзӯи “Раванди ҳамкориҳои бонкӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуланд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо қайд шуд, ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ аз масъалаҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.
Форуми дуюми иқтисодии ҷумҳуриявӣ давоми рӯз дар бахшҳо идома хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд