Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2026-ум нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 9 млрд. 825,4 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,0 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,3 дарсадро ташкил додааст.
Ҳисобот оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар соли 2025
Мутобиқи маълумоти омори давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2025 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят (НКРМ) ба 49107,2 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардида, ҳиссаи он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,8 дарсадро ташкил додааст.
Парвариши моҳӣ ва мурғобӣ дар шароити деҳот — иқдоми нав дар шаҳри Панҷакент

Дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент нахустин фермаи парвариши мурғобӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мурод Ҳасанов бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ роҳандозӣ шудааст.
Ба иттилои масъулин дар марҳилаи аввал 700 сар мурғобӣ, 10 сар қу ва зиёда аз 3000 моҳӣ парвариш карда мешавад. Бо ин мақсад дар масоҳати 2 гектар замини соҳили дарёи Зарафшон се ҳавзи муосир ташкил гардида, шароити зарурӣ барои афзоиш ва нигоҳдории паррандаву моҳӣ муҳайё шудааст.
Парвариши моҳӣ ва мурғобӣ дар шароити деҳот на танҳо ба афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мусоидат мекунад, балки имконият фароҳам меорад, ки аҳолии маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд.




