Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 26.04.2021 14:39
Баргузории фестивалҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” - 26.04.2021 11:12
Эълони озмуни "Беҳтарин шеър" байни адибони тоҷик - 26.04.2021 10:34
Миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯқанд меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 26.04.2021 10:15
Мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии cарвазирони ҳарду давлат доир гардид - 25.04.2021 21:12
Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ - 23.04.2021 16:35
БИҲИШТЕ ДАР МАСИРИ РУШД - 23.04.2021 10:31
АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД - 23.04.2021 10:29
ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ - 23.04.2021 10:29
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят - 23.04.2021 10:25

Хадамоти матбуотии Раиси вилоят

Низомномаи Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд

( 15 Овоз )

I. Муқаррароти  умумӣ

1.1. Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд (минбаъд Хадамот) сохтории мустақили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Котиби матбуотии Раиси вилоят ба Хадамоти матбуотӣ роҳбарӣ менамояд ва аз рӯи фаъолият мустақиман ба Раиси вилояти Суғд тобеъ аст.

1.2. Хадамот пояи ҳуқуқии фаъолияти худро дар заминаи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, қарор ва фармоишҳои Раиси вилоят ва ҳамзамон Низомномаи мазкур ташкил медиҳад.

1.3. Хадамот фаъолияти худро мустақиман бо Раиси вилоят ва дар ҳамкорӣ бо роҳбари Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси вилоят, идораҳо, муассисаҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори оммаи вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо васоити ахбори умум сару кор доранд, анҷом медиҳад.

ШУМО ДАР: РОҲБАРИЯТ Хадамоти матбуот