Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматтуло

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд

Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло 18 феврали соли 1988 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2010 Донишгоҳи давлатии куҳии шаҳри Москваи Федератсияи Россияро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2010 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи металлургӣ ва саноатӣ металҳои рангаи Раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металҳои қиматбаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд дар вазифаҳои сардори шуъбаи саноати металҳои ранга ва металлургии Раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори  Раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2023-2024 сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 30 январи соли 2024 муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъин гардид.