Анвар Яъқубӣ

Муовини Раиси вилоят оид ба иқтисодиёт ва молия

Иттилоот барои робита:
Тел: (3422) 4-05-42

27 апрели соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 1990 бахши хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - технолог хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро аз соли 1990 ба ҳайси ассистенти кафедраи технология, саноати бофандагии бахши хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мутахассиси пешбари робитаҳои иқтисоди берунии комиҷроияи вилоят, Мудири шӯъбаи робита бо давлатҳои хориҷии ассосиатсияи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Директори генералии ассосиатсияи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, мудири шӯъбаи ташкилӣ, робитаҳои иқтисодии берунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини аввали раиси Кумитаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодии дастгоҳи Раиси вилоят, сардори Раёсати давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» кор кардааст.

Аз 31 декабри соли 2013 Муовини Раиси вилояти Суғд таъин гардид.