Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чун анъана ҳар сол 1-уми июн таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо-наврасону кӯдаконро табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтӣ ва саодати зиндагӣ орзу менамоям.
Боиси таъкид аст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, солимӣ ва хушбахтии онҳо ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ба ибораи дигар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, солимӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ояндаи онҳо пайваста ғамхорӣ менамояд.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд”.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имсол дар соли таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, кӯдакону наврасон бояд ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлол барои азхуд кардани илмҳои замонавӣ, технологияҳои муосир кӯшиш намуда, бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ ворисони сазовори ин Ватани маҳбуб будани худро исбот намоянд.
Бори дигар, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба Шумо-насли ояндасози кишвар табрику муборакбод гуфта, даврони босаодати наврасӣ, оромию осудагии хонадон ва бахту иқболи баланд таманно менамоям.
Бигзор, зери ливои бахту иқболи баланди кишвар ҳамеша саодатманд бошед!
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!