Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ

Бо камоли эҳтирому ифтихор кормандону собиқадорони соҳаи ҳифзи сирри давлатиро бо иди касбӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 6-уми май ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику таҳният менамоям.

Боиси таъкид аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ раванди ташаккули низоми соҳаи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Дар ин замина, ҳанӯз 14 декабри соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” қабул гардида, масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ба танзим дароварда шуд.
Таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ва ба сифати мақомоти муҳими давлатӣ пазируфта шудани сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот боис гардид, ки дар кишвари азизамон барои таъмини моддию молиявӣ, техникӣ, инфрасохторӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии соҳа тамоми шароити созгори фаъолият фароҳам оварда шаванд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳои гуногуни сиёсӣ, иттилоотӣ ва технологӣ афзоиш меёбанд, нақши кормандони мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ боз ҳам муҳимтар мегардад, зеро ҳифзи маълумоти махфӣ ва пешгирии ихроҷи иттилооти ҳассос яке аз омилҳои асосии ҳифзи истиқлол ва суботи давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, фаъолият дар сохтори мазкур на танҳо вазифаи касбӣ, балки хизмати содиқона ба Ватан низ мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба кормандон ва собиқадорони соҳа барои хизматҳои бошарафона, иродаи қавӣ ва ҳисси баланди масъулият изҳори миннатдорӣ намуда, саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, нерӯи тоза ва дар фаъолияти касбӣ муваффақиятҳо таманно дорам.
Орзу менамоям, ки ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва оромӣ фаъолият намуда, барои ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми боз ҳам бештар гузоранд.
Иди касбӣ муборак!