Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2026

Фарорасии Соли нави мелодии 2026-умро ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва дар амалӣ намудани орзуву ниятҳои неку созанда, дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун соли бобарору хотирмон сабт гардид. Дар ин соли таърихӣ маҳз бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат мушкилоти марзии тайи беш аз сад соли охир халношудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳал гардида, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам овард.

Сокинони вилоят аз он сарафрозанд, ки соли 2025 Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маротиба бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда, садҳо иншооти ҳаётан муҳимро мавриди истифода қарор доданд.

Дар соли 2025 қабул гардидани қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва нақши зеҳни сунъӣ, эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ва ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки бевосита таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. Ин тадбири муҳиму созанда моро вазифадор мекунад, ки барои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии он бештар талош варзем.

Боварии комил дорам, ки сокинони вилоят дар Соли нави мелодии 2026 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо армуғонҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош намуда, ба ин восита барои ободу зебо ва пешрафта гардидани Ватани маҳбубамон нақши шоиста хоҳанд гузошт.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодии 2026-умро ба сокинони шарафманди вилоят табрику таҳният мегӯям.

Бигзор, соли нав соли музаффарият, дастоварду муваффақият ва амалӣ гардидани орзую ниятҳои неку созанда ва бунёдкоронаи ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон бошад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!