Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар таърихи давлатдории навинамон санади воқеан тақдирсозу таърихӣ ба ҳисоб меравад, ба сокинони шарафманди вилоят самимона табрику таҳният мегӯям.

Боиси таъкид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 бо ҷонибдории аксари шаҳрвандони кишвар, ки дар муҳокима ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи он иштирок намуда буданд, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол санадест, ки дар он муқаддастарин неъмати зиндагӣ - истиқлолу озодии халқи мо ифода ёфта, аз лиҳози ҳуқуқӣ барои таъсис ва пойдории рукнҳои асосии давлатдории навин, ба даст омадани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, тамоми дастовардҳои бузуруги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Ба ибораи дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро ташаккул дода, барои иштироки озодонаву васеи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат роҳи васеъро боз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзишҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст, ки ин баёнгари воқеан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад».

Боиси ифтихор аст, ки бо назардошти арзишҳои воло Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардидааст.

Шоистаи таъкид аст, ки бо назардошти рушду тараққиёти ҷомеа ва зарурати такмил додани меъёрҳои Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳои муҳимму зарурӣ ворид карда шуданд. Ин амал ба густариши минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеаи кишвари азизамон ва кафолати риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи ҳуқуқиро бештар таҳким бахшид.

Имрӯз дар асоси риоя ва иҷрои бечунучарои меъёрҳои Конститутсия дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва пешрафту тараққиёт таъмин гардида, мардуми саодатманди кишвар таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ устуворона пеш мераванд.

Дар баробари ин, зарур аст, ки дар шароити имрӯзаи таҳдиди ғояҳои хатарбор ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ аҳли ҷомеа ва махсусан насли ояндасози миллат дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва ба ин восита, ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси ватандорӣ тарбия карда шаванд. Зеро пешрафти Ватани маҳбубамон ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар мегардад.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамагон табрик гуфта, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад!