
Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад. Ин рӯйдоди тақдирсоз барои ҳар як тоҷикистониӣ рамзи ифтихору саодат буда, дар таҳкими худшиносӣ ва рушди ҷомеаи навини тоҷик нақши муҳим дорад. Ба ин муносибат собиқадорони соҳа, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагонро табрику таҳният мегӯям.
Соли нави таҳсил барои ҳар яки мо оғози марҳилаи тозае андӯхтани дониш, рушду камол ва таҳкими нерӯи зеҳнӣ мебошад. Дар солҳои истиқлолият таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бештар гашта, дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарин, самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пояи асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати рушди устувори давлат ба ҳисоб овардаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд».
Боиси фараҳмандист, ки соли равон дар вилоят 34 иншооти нави соҳаи маориф бо имкони қабули 3870 хонанда, инчунин 19 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2150 кӯдак сохта шудаанд.
Баробари ин, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» марҳилаи наверо барои густариши фаъолияти наврасону ҷавонон ва устодону омузгорони онҳо боз намуд. Озмунҳои мазкур ба болоравии сатҳи саводу маърифат, бедории ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон мусоидат карданд.
Соли равон дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шумораи умумии иштирокчиён 90 нафар беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 1 172 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят иштирок ва 642 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон таъкид менамоям, ки падару модарони гиромии моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияи фарзандонро дар мадди аввал қарор дода, барои босаводу соҳибмаърифат гардидани онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо пурсамар истифода баранд. Зеро сармоягузорӣ ба рушди фарзандон, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ ба ояндаи осудаи онҳо, ободии давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Бори дигар ҳамаи шумоёнро бо муносибати оғози соли нави таҳсил самимона табрик гуфта, барои кулли толибилмону устодон сиҳативу саломатӣ, сарбаландиву саодатмандӣ ва дар ҷодаи омӯзиши илму дониш барору комёбӣ, фатҳу нусрат ва ояндаи неку дурахшонро таманно дорам. Бигзор ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад!
Ид муборак, устодону донишҷӯён ва хонандагони азиз!




