Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Соли равон ба пирӯзии бузурги халқҳои сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ 80 сол пур мешавад. 

Ба муносибати ин санаи фаромӯшнопазири таърих иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми сарбаланди вилоятро сидқан табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон оромию осудагӣ, хушбахтӣ ва ба Ватани маҳбубамон фазои орому осуда таманно менамоям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар таърихи инсоният яке аз фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб меравад, бо оқибатҳои даҳшатбори худ то имрӯз дар ҷисму ҷони халқҳои гуногуни олам доғи носутурданӣ гузоштааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар сол мардуми сулҳдӯсти рӯйи замин бо ёдоварӣ намудани даҳшати ин ҷанги хонумонсӯз, 9-уми майро ҳамчун санаи таърихии ифодагари корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ботантана ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба нақши ин санаи фаромўшнопазири таърих дар шинохти қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистии осоиштаи банӣ башар чунин таъкид намудаанд: «Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд». 

Боиси таъкид аст, ки ба даст омадани ғалаба дар ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар он ҳиссаи фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон низ калон аст, натиҷаи муборизаи дастаҷамъона ва намунаи муқовимати озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногуни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан мебошад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистони мо беш аз 300 ҳазор нафар даъват ва сафарбар гардида, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои мубориза қаҳрамонона ҳалок ва даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд. Аз ин лиҳоз, саҳифаҳои дурахшони корномаи падарону бобоёни қаҳрамон барои ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла насли ояндасози миллат бояд ҳамчун намунаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагӣ кадр карда шавад. 

Аз ин нуқтаи назар, мо вазифадорем, ки хотираи неки падарони қаҳрамон ва заҳматкашони ақибгоҳи ҷангро, ки барои зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу оянда ҷони хешро фидо намудаанд, пос дошта, бо шукргузорӣ аз Ватани ободу озод, сулҳу субот, пешрафту муваффақият ва ваҳдати миллӣ дар таҳти ливои бахту иқболи кишвари азизамон муттаҳид гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ талош намоем.

Бо чунин таманниёт, бори дигар, иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Фанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҳамешагӣ орзу менамоям.

Рўзи Ғалаба муборак бошад!