Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Таҷлили шахсияти бузурги олами илму ирфон, шоир ва мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба сокинони вилоят, хосатан ба аҳли илму адаб сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатию сарбаландӣ ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям. 

Таъсири афкору андешаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ беназир буда, дар баробари ба ҳам овардани халқу миллатҳои гуногуни олам дар муаррифии шоиста ва шинохти беҳтари забон ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими ҳуввияти миллии мо нақши арзишманд мегузорад.

Мавлоно Ҷалолиддин бо таълифи осори гаронбаҳо, бахусус шоҳкори бузурги фалсафию ирфонии "Маснавии маънавӣ", ки яке аз пурхонандатарин китобҳо дар миёни мардуми дунё ба ҳисоб меравад, ҳикмату ахлоқи инсониро бар пояҳои боз ҳам баландтар бардошта, ба гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳо асос гузошт. 

Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Бо гузашти садсолаҳо пули маънавию фарҳангии бунёднамудаи Мавлоно халқу миллатҳои гуногуни оламро ба ҳам овардааст ва имрӯз низ пайравони динҳои мухталиф - мусалмонону насрониёну яҳудиён ба зиёрати оромгоҳи ӯ мераванд ва ному осори ӯро гиромӣ медоранд". 

Боиси ифтихор аст, ки моҳи июни соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба омӯзиши аҳмияти осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО- шаҳри Париж баргузор гардид, ки дар қатори олимони маъруф аз саросари ҷаҳон муҳаққиқони тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Омӯзиши осори Ҷалолиддини Балхӣ дар замони муосир барои дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, таҳаммулгароӣ, илмомӯзиву маърифатпарварӣ, некиву накӯкорӣ тарбия намудани насли наврас мусоидат намуда, инчунин ҷиҳати таҳкими бузургтарин ормонҳои умуминсонӣ, аз қабили ҳамдиливу ҳамандешӣ дар байни халқу миллатҳои олам нақши муассир мегузорад.

Итминони комил дорам, ки афкору андешаҳои инсондӯстона ва ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар оянда низ дар рушду пешрафти фарҳангу тамаддуни башарӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон хизмат хоҳад кард. 

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак бошад!