Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи Модар

Бонувони арҷманд!

Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рўзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ ва тамоми хушиҳои умрро таманно менамоям.

Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббат, чашмаи мусаффо ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст, зеро меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши занон дар ҷомеаи демократӣ таъкид намудаанд: “Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.

Бузургдошти Рўзи Модар дар қаламрави кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Модарон сарчашмаи беинтиҳои меҳру вафодорӣ ва меҳнатдўстӣ буда, дар пешрафти рўзгори фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерўи инсонӣ нақши арзанда мебозанд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандўстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлол, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ҳамеша саъю талош менамоянд.

Ифтихор аз он дорем, ки таҳти сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баланд гардида, онҳо дар татбиқи сиёсати давлат мавқеи устуворро касб намудаанд.

Дар хуррамтарин айёми табиат, ки оғози зебоӣ ва накўтарин рўз барои ҳамаи модарон маҳсуб меёбад, таҷлили ин ҷашни фирўз арҷгузорӣ ба бузургии модар ва рисолати беинтиҳои ўст.

Боварии комил дорам, ки занону бонувони вилоят бо саъю талоши хеш дар рушди ҷомеа, таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат, ватанпарастӣ ва тарбияи насли худогоҳу хештаншинос саҳм  хоҳанд гузошт.

Дар иҷрои ин рисолат ба тамоми модарону хоҳарони арҷманд барори кор хоста, бори дигар фарорасии санаи фархундаи Рўзи Модарро сидқан таҳният мегўям.

Рўзгоратон сабзу гулафшон ва зиндагониатон лабрези шодию фараҳ бошад.

Ҷашн муборак бошад, модарону бонувони арҷманд!