Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Азназаргузаронӣ: 512

Таҷлили зодрўзи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устоди шоирон Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола 22 - юми сентябр доир гардида, вобаста ба он чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ дар сатҳи баланд ва бошукўҳ баргузор карда мешавад.

Ба муносибати фарорасии ин санаи фархунда сокинони сарбаланди вилоят, бахусус аҳли илму маърифат, устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон ва кулли алоқамандону шефтагони шеъру сухани оламгирро самимона табрику таҳният мегӯям. 

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Устод Рӯдакӣ натанҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.

Воқеан ҳам, устод Рӯдакӣ бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, мазмуну муҳтавои олӣ ва андешаҳои башардӯстонаи худ мардуми оламро ба адолат варзидан, озодандешӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ даъват намуда, ба ин восита дар густариши фарҳангу тамаддуни оламгири миллати тоҷик  хизмати босазо намудааст. Гузашта аз ин, устод Рўдакӣ бо истифодаи калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ дар мустаҳкам ва устувор гардидани кохи бегазанди адабиёти тоҷик ва яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ – забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст.

Аз ин лиҳоз, дар замони муосир, ки бар асари ҳамдигарнофаҳмӣ дар кишварҳои мухталиф суботу оромӣ ноустувор гардида, ба инсоният хатарҳои гуногун таҳдид мекунад, омўзиши мероси гаронбаҳо, афкори хирадмандона ва панду андарзҳои ҷовидонии устод Рўдакӣ муҳимтарин омили таҳкими сулҳу ваҳдат, сарҷамъӣ ва ҳамгироию  муттаҳидӣ  дар ҷомеа мебошад.

Итминони комил дорам, ки каломи гуҳарбори устод Рўдакӣ минбаъд низ барои мардуми сайёра ҳамчун чароғи равшани роҳи оянда, сарчашмаи хайру сахо, дўстию рафоқат ва худшиносию худогоҳӣ хизмат хоҳад кард.

Бори дигар тамоми мардуми фарҳангдўсту адабпарвари вилоятро бо Рўзи Рўдакӣ табрику муборакбод намуда, барояшон хотирҷамъӣ, комёбӣ, бахту иқбол, саодати хонаводагӣ ва дар анҷом додани амалҳои неку созанда ба хотири рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.