
Рӯзи 24 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Конибодом ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ тибқи нақша идома дорад. Дар баробари бунёди иншооти таъиноташ гуногун сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф низ идома дошта, роҳбари вилоят сохтмони муассисаҳои томактабии рақами 1 ва 2-и шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Чуноне маълумот дода шуд, баъди ба истифода додани кӯдакистони рақами 1 то 150 нафар ва дар кӯдакистони рақами 2 бошад 250 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Раиси вилоят бунёди муассисаҳои томактабиро амри зарурӣ ва талаботи рӯз арзёбӣ карда, барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон супоришҳо дод.



22 сентябр дар деҳаи Ярми деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 ба истифода дода шуд.
29 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Боғдорони шаҳри Конибодом ба ҷамъоварӣ ва содироти навъи пешпазаки зардолу оғоз бахшида, то имрӯз беш аз 500 тонна зардолу содирот намуданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом иттилоъ дода шуд.
11 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни кишти зироатҳо, тарзи истифодабарии замин ва бунёдкориҳо дар ноҳия шинос гардид.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони як қатор иншооти гуногун идома дорад.
