Шаҳристон. Раиси вилоят ба аёдати кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд рафт

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро аёдат кард.

Раиси вилоят ба Марҷона Абдуллоева ва Шоҳсанам Туйчибекова туҳфаҳои идона тақдим карда, онҳоро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрик намуд.

Таъкид гардид, ки наврасон бояд бо баҳои хубу аъло хонанд ва барои ояндаи кишвар шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандўсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расанд.

Бояд гуфт, ки Марҷона Абдуллоева мутаваллиди соли 2008 аст ва Шоҳсанам Тӯчибекова соли 2011 таваллуд шудааст. Ҳарду дар мактаби миёна таҳсил доранд ва ният доранд, ки дар оянда соҳибкасб шуда, ба халқу давлат хизмат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд