Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод. 

Зимни сафар Раиси вилоят наухст аз майдони пахтаи хоҷагии деҳқонии «Оқтеппа» боздид кард. Хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Спитамен аз хоҷагиҳои пешқадам ба ҳисоб рафта, дорои 22 гектар замин мебошад. Соли ҷорӣ дар заминҳои ин хоҷагӣ 11 гектар пахта кишт карда шудааст, ки айни замон нашъунамои хуб дорад.  

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Оқтеппа» дар заминҳое, ки картошкаи барвақтӣ кишт шуда буд, барои ҳосили дуюм ҷуворимакка кишт намудаанд. Инчунин дар қисми дигари заминҳои ин хоҷагӣ дар кишти такрорӣ сабзӣ кишт карда шудааст. Деҳқонони таҷрибадор хар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кӯшиш доранд, ки аз замини пахта ҳосили хуб ба даст оваранд.

Имсол бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазъи обрасонӣ дар ноҳия беҳтар карда шуда, ба пойгоҳҳои обкашӣ боз ду агрегати нав васлу насб карда шуд. Аснои боздиди роҳбари вилоят аз пойгоҳи обкашии «Новая 1» маълумот дода шуд, ки тавассути ин пойгоҳ 1500 гектар заминҳои ноҳия обёрӣ карда мешавад. 

Таъминот бо оби полезӣ, истифодаи тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили хуби пахта мусоидат менамояд. Имрӯз маҳсули дастранҷи деҳқонон ноҳияи Спитамен дар корхонаҳои коркарди ноҳия ба пуррагӣ коркард карда мешаванд. ҶДММ «Текстил Тоҷикистон», ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шудааст, яке аз корхонаҳои замонавии коркарди пахта ва истеҳсоли ришта мебошад. Айни замон дар ин корхона 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин ҳастанд. Корхона дар 4 баст фаъолият намуда, соли равон технологияҳои нав ворид карда шуда, дар ояндаи наздик боз сехи нави коркарди пахта таъсис дода хоҳад шуд. 

Раиси вилоят ҳамзамон бо ҳолати кунунии ҶСП «Деҳқон аз наздик шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ин корхона 2300 тонна пахта қабул ва коркард карда шудааст. Корхона ба таври мавсимӣ фаъолият намуда, дар вақти фаъолияти он то 200 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Бо назардошти он, ки корхона дорои масоҳати калон ва биноҳои ёрирасон мебошад, роҳбари вилоят дастур дод то биноҳои мавҷуда мақсаднок истифода гардида, хатҳои нави технологӣ таъсис дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд