Миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон харитаи роҳ имзо шуд.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдуразоқовро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят омад, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории миёни минтақаҳои ду мамлакат рушд ёфта истодааст.