Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорону фаъолони ҷамъияти тоҷикистониëни муқими Ҳавзаи федералии Урали ФР

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Федератсияи Россия сафар намуд.

10 июл дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид. 

Дар мулоқот миëни роҳбарияти вилоят, вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорони бурунмарзӣ ва диаспораҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гуфтушунид анҷом дода шуд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати Ҷумҳурии Корея

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сармоягузорону тоҷирони Ҷумҳурии Кореяро, ки бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят омаданд, ба ҳузур пазируфт. 

Зимни суҳбат ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат, аз ҷумла кишту парвариши ҷуворимакка ва коркарди онро баррасӣ карда, хостори густариши робитаҳои иқтисодӣ шуданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати Федератсияи Россия

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати Федератсияи Россия мулоқот намуд.

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати Федератсияи Россия мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури роҳбарону масъулони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Липетск, Новосибирск, Краснодар, Москва ҷараён гирифт, ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдоро баррасӣ карданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон харитаи роҳ имзо шуд.

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдуразоқовро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят омад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории миёни минтақаҳои ду мамлакат рушд ёфта истодааст.

Мулоқоти Раиси вилоят бо сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Корея

22 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи сармоягузорону​ соҳибкорони​ Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ​ дар самти истифодаи самараноки замин ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят меҳмононро, ки бо мақсади иштирок дар нуҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ба вилоят омаданд, хайрамақдам гуфта, доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шуда, барои расидан ба ин ҳадаф аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд дар азхудкунии заминҳо, бунёди гармхонаҳои муосир,​ ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва саноати куҳӣ тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия

21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвачро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот роҳбари вилоят ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз муносиботи дӯстонаи кишварҳо ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, бо минтақаҳои гуногуни ФР ҳамкории мутақобиларо ба роҳ мондааст. Чунончи давоми соли 2022 мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва минтақаҳои ФР ба зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.

Новобаста ба ин, то кунун имкониятҳои истифоданагардида хело зиёд мебошад. Соҳибкорон ва ширкатҳои бонуфузи ФР метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург аз қабили бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, коркард, банду баст, куҳиву металлургӣ, нассоҷӣ, азхудкунии заминҳо ва ғайра ширкат варзанд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муассиси ширкат Баҳодур Абдуллоев ва директори генералии ширкат Гулбаҳор Тоҷимирзоеваро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ҷонибҳо рушду тавсеа ёфта истодааст.