Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёлро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун ҳамкории судманд доранд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф робитаҳои ду кишвар дар сатҳи баланд қарор дошта, дар шаҳри Хуҷанд низ ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангии Фаронса» фаъолият мебарад. Ҳамзамон муассисаҳои таҳсилотии олии вилоят бо як қатор донишгоҳҳои Фаронса ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи дипломати фаронсавиро ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҷалб намуда, доир ба имкониятҳои фаровони вилоят маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар вилояти Суғд соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушд карда, барои ташкили корхонаҳои муштарак ва боғу токзор ва гармхонаҳои инноватсионӣ имкониятҳо зиёд аст. Тарафҳо метавонанд барои ҷалби сармоя ва коркарду содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон тарҳҳои муфидро амалӣ созанд.