
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти корпоратсияи “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ”, ки роҳбарии онро Хуан Бо ба уҳда дорад, баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, беҳтарсозии шароити кору зиндагии кормандон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ пайваста мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Натиҷаи ин тадбирҳои мақсаднок буд, ки моҳи июли соли равон марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” ба фаъолият оғоз намуд. Самти асосии фаъолияти корхона истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла коркарди консентрати тилло мебошад.










