Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба густариши робитаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ду кишвар дар самтҳои мухталиф ҳамкории самаранок доранд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, инчунин ташкили рӯзҳои фарҳангӣ изҳор доштанд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Тошихиро Аики

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикиро ба ҳузур пазируфт.

Дипломати ҷопонӣ ва ҳамроҳонаш ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилоят ташриф оварданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Раиси вилоят ба саҳми сафорати Ҷопон дар амалигардонии лоиҳаҳои иҷтимоӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои густариши робитаҳо изҳор дошт.

Таъкид гардид, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" майдони хуби гуфтушунид бо шарикони рушд аст ва доираҳои тиҷоратии ду тараф метавонанд тарҳҳои навро омода ва татбиқ созанд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт.

Сафир ва ҳамроҳонаш бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Аснои суҳбат тарафҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин вобаста ба масоили мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо ба охир расид.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини якуми губернатори вилояти Свердловски ФР

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини якуми губернатори вилояти Свердловски ФР Алексей Шмиков ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо мақсади иштирок дар даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилояти Суғд ташриф овард.

Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, доир ба Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024", вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳамкориҳо байни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, тамоми имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам оварда шудааст.

Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев баргузор гардид.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду тараф иштирок намуданд. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи кори гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ва таъмини амнияти сокинони вилоятҳои Суғду Ботканд мубодилаи афкор намуданд. 

Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсокро ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқоти ҷонибҳо таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун баррасӣ карда шуд.

Раиси вилоят ба дипломати куриёӣ доир ба захираву имкониятҳои вилояти Суғд маълумот дода, илова намуд, ки бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Тоҷикистону Корея ҳамкории зич доранд. Таъкид гардид, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 127 миллион долларро ташкил додааст ва вилояти Суғд омода аст равобитро боз ҳам беҳтар намуда, барои ташкили корхонаҳои муштарак шароит фароҳам оварад. Истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳаи саноати Корея, ташкили корхонаи истеҳсоли техникаҳои маишӣ ба манфиати кор арзёбӣ карда шуд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Федератсияи Россия

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати «Формулаи нур»-и Федератсияи Россия Сергей Исоков, роҳбари шӯрои директорони Фонди байналмиллаии сармоягузории Orient Investment JSC Ли Куанг Дао ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории тарафайн ва густариши он мавриди муҳокима қарор гирифт. Роҳбари вилоят ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз талошу кӯшишҳои сарони ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар самти густариши хамкории мутақобила ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот байни ду кишвар ёдовар гашт.