Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Чэн Хэ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи мутахассисони чиниро бо роҳбарии Чэн Хэ, президенти институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят нахуст меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз таҳкими робитаҳои дӯстонаи миёни ду кишвари дӯст Тоҷикистону Чин изҳори хушнудӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, нақлиёт, энергетика, илму маориф тавсеа ёфта истодааст.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ван Хао

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корпоратсияи хитойии “China Datang” дар Осиёи Марказӣ Ван Хао мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, ки натиҷаи сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раиси вилоят доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии чинӣ изҳори омодагӣ кард. Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд бо кишварҳои гуногуни олам ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии он дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 1 миллиарду 475,6 млн. доллари ИМА баробар гардид.

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд

6 июли соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. 

Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррасии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода, ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идома додани кор дар ин самт супориш доданд.

Мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилояти Суғд

5 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо намояндагони ҷомеа ва фаъолони вилояти Суғд баргузор гардид. 

Мулоқот дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки сокинони вилояти Суғд дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон меҳнат намуда истодаанд. 

Мулоқот бо котиби Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон Саъд ал-Қаддумӣ

Нимаи дуюми рӯзи 4 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода котиби Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон Саъд ал-Қаддумӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, дар ин самт ҷиҳати дастгирии ҳунармандон як қатор барнома ва лоиҳаҳо татбик карда мешавад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо ин мақсад дар мавзеъҳои таърихӣ растаи ҳунармандон, коллеҷу мактабҳои омӯзишӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, шумораи бештари сокинон ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалҷон Маҳмудалиев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалҷон Маҳмудалиевро ба ҳузур пазируфт. 

Ҳайати вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар чорабинии сатҳи баланд иштирок намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот аз густариши робитаҳои дӯстона миёни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки самараи сиёсати оқило­наи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, изҳори қаноат­мандӣ намуд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев

Барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» наздик 40 нафар кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев ба вилояти Суғд ташриф оваранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат роҳбарони вилоятҳо таъкид карданд, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои байни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, робитаҳои дӯстона мустаҳкам гардида истодааст.