Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл мулоқот намуд.
Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган мамлакатҳо муносибатҳои хуби дӯстона дошта, ҳамкориҳои минтақавӣ тавсеа ёфта истодааст. Моҳи майи соли равон гурӯҳи калони соҳибкорони тоҷик ба минтақаҳои Истанбул, Анталия ва Қайсарии Ҷумҳурии Туркия сафар карда, барои таҳкими муносибатҳо бо ҳамтоёни турки худ мулоқотҳои судманд анҷом додаву роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карда буданд. Дар ҷавоб ба сафари доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд то имрӯз аллакай чанд гуруҳ соҳибкорони турк ба вилоят ташриф оварда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти робитаҳо баён доштанд, ки гувоҳи равшани тавсеаи ҳамкориҳост.



16 июни соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаровро ба ҳузур пазируфт.
16 июни соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков ва соҳибкорону намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти Липетски ФР мулоқот намуд.
16 июни соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахоновро, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Чолакоғлу груп"-и Ҷумҳурии Туркия Акиф Чолакоғлуро ба ҳузур пазируфт.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо мураббиён ва ҳайати дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

