16 декабр дар шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони ҷомеа, фаъолону роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амну суботи ҷомеа, бехатарии шаҳрвандон, муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хавфнок ва сари вақт ошкорсозии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят зимни мулоқот аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва амну суботи ҷомеа ёдовар гашта, таъкид намуд, ки таъмини оромӣ ва бехатарии шаҳрвандон дар меҳвари фаъолияти давлат қарор дошта, бо ин мақсад тамоми имконот, захира ва нерӯ равона карда мешавад.