Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Равасвамиро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории мутақобила мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд баён доштанд.
Раиси вилоят зимнан таъкид дошт, ки вилояти Суғд чун «водии имкониятҳо» шинохта шуда, барои пешрафт ва рушду тараққиёти ҳамаи бахшҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум тадбирҳои мушаххас андешида шуда, барномаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳо нақши ташкилотҳои байналхалқӣ ва инстутҳои молиявӣ низ назаррас буда, дар СММ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.



Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Шӯрои директорони компанияи "Тринити Прокюремент ДММС" Александр Максимовро ба ҳузур пазируфт.
14 августи соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати «Азия групп компани» Филип Федотов, инчунин Алексий Лубинский, Денис Попов, Светлана Новикова — мутахассисони варзида аз Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Чӯлпон-ота бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кард.


