Мулоқоти Раиси вилоят бо​ ҳайати дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо мураббиён ва ҳайати дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд​ мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки футбол аз намудҳои оммавитарини варзиш маҳсуб ёфта, барои таҳкими дӯстии халқҳо хизмат мекунад​ ва ҳамзамон муаррифгари миллату давлатҳост. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз​ ҷониби​ ​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, сатҳи футболи тоҷик сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дастаи «Эсхата» аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, дар ҳоли ҳозир дар Лигаи олии мамлакат бозӣ намуда истодааст.​

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи кунунии даста ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва ҶСК «Бонки Эсхата» дастур дод, ки барои бозингарон шароити лозимиро фароҳам оваранд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дастаҳои вилоят​ дар​ мавсими имсола ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, вилояту ҷумҳуриро дар сатҳи минтақа низ муаррифӣ менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд