7-уми июн Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори генералии ЛФТ Сайвалӣ Шоқурбонов мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷалби бонувон ба футбол ва оммавигардонии ин риштаи варзиш дар вилоят баррасӣ шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки рушди футбол дар минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти вилоят ба ҳисоб рафта, пайваста барои фароҳам овардани шароити зарурӣ чораҳои муассир андешида мешавад.
Қайд гардид, ки дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон чаҳор даста аз вилояти Суғд дар Лигаи олӣ (Хуҷанд, Эсхата, Истаравшан, Равшан Зафаробод) ва як дастаи дигар бошад дар Лигаи якум (Гулистон) баромад мекунанд.
Ҷонибҳо дар ин маврид масъалаҳои инфрасохторию маъмурӣ, молиявию кадрии дастаҳоро баррасӣ намуда, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба баланд бардоштани иқтидори дастаҳо баён намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд