Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии Туркия

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Туркия Ҳами Басоғлу ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самти парвариши гулу ниҳолҳои ороишӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят қайд кард, ки бо сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайиб Эрдоган ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст.

Таъкид гардид, ки сафари ҳайати вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Туркия ва боздиди намояндагони вилоят аз минтақаҳои Анталия, Истанбул ва Қайсарӣ ва суҳбату мулоқот бо намояндагони мақомоти давлативу соҳибкорони турк ба тавсеаи муносибатҳои дӯстона такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Соҳибкорони турк дар навбати худ иброз доштанд, ки омодаанд барои табодули таҷриба дар самти парвариши гулу ниҳолҳои ороишӣ бо соҳибкорони тоҷик ҳамкорӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд