Мулоқот бо муовини волии вилояти Қайсарии Ҷумҳурии Туркия

Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов аз вилояти Анталия ба вилояти Қайсарӣ сафар намуд.

Дар вилояти Қайсарӣ ҳайатро муовини волии вилоят Абдуллоҳ Калкан ба ҳузур пазируфт.

Аснои суҳбат ҷонибҳо аз равобити ҳасанаи кишварҳои дӯст Тоҷикистону Туркия изҳори хушнудӣ намуда, барои густариши равобит омодагии худро баён карданд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган муносбатҳои дӯстона барқарор буда, бо ҷалби соҳибкорони турк дар Тоҷикистон якчанд корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.

Ҳамзамон Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим дорад.

-Сафари ҳайати вилояти Суғд ба Туркия барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат карда, умедворем доираҳои тиҷоратии ду ҷониб дар оянда сатҳи ҳамкориҳоро беҳтар хоҳанд кард,-иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Абдуллоҳ Калкан аз ташрифи намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Қайсарӣ истиқбол карда, изҳори боварӣ намуд, ки ин сафар барои рушди муносибатҳои миёни минтақаҳои ду давлат такони нав хоҳад бахшид.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд