Роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Минск ният доранд, ки корхонаҳои муштарак бунёд намоянд

Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус омодаанд ҳамкориҳои худро тақвият бахшида, робитаҳоро дар самтҳои гуногун ба роҳ монанд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Минск Александр Турчин, ки рӯзи 3 ноябр дар Минск доир гардид, таъкид шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Белорус қарор дорад. Роҳбари вилоятро дар ин сафар раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо, масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ҳамроҳӣ доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Александр Турчин барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ҳамкориҳои миёни минтақаҳо дар ҳоли рушд буда, муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Аз ҷумла, дар асоси созишномаи дуҷонибаи вилоятҳо, ки ҳанӯз соли 2014 ба имзо расида буд, ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг ба роҳ монда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон оид ба вазъи хоҷагии халқи вилоят ва имконияту захираҳо дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар вилояти Суғд барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар самти ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди пахта ва меваҷот, маъдан, техникаи маишӣ имкониятҳо зиёд аст. Ҷонибҳо метавонанд ҳамкориҳоро боз ҳам густариш бахшанд.

Александр Турчин ҳавасмандии ҷониби худро барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ дар самти коркарди пахтаву меваҷот дар Тоҷикистон баён дошта, изҳор дошт, ки тарафҳо бо истифода аз имкониятҳо метавонанд дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу сайёҳӣ низ робитаҳоро беҳтар намоянд.

Дар мулоқоти роҳбарони вилоят инчунин масъалаи дастраскунии меваҷоти Тоҷикистон ва бозорҳои Белорус ва воридсозии тухмии картошка аз Белорус ба вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Ҳайати вилояти Суғд дар идомаи сафар аз Парки саноатии Белорусу Чин "Санги бузург"(Великий камень) боздид намуда, бо фаъолияти корхонаи саноатии "БЕЛАЗ" шинос шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд