Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба саҳми ин ниҳоди бонуфузи молиявии байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, густариши ҳамкориҳои минбаъда ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон як қатор лоиҳаҳои муҳим – бахусус дар самти беҳтарсозии таъминоти оби нӯшокӣ ва таҷдиди шабакаҳои партовоб – ба иҷро расонида шудааст. Дар идомаи ин раванд, ҷалби маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар назар аст.
Зикр шуд, ки солҳои охир бо ғамхории бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, боиси беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гардидааст. Айни замон масъалаи таҷдиди шабакаҳои кӯҳнаи партовоб ва сохтмони шабакаҳои нав бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва бунёди иншооти таъиноти гуногун аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сол то сол густариш меёбанд. Онҳо таъкид доштанд, ки БАТР омода аст дар доираи лоиҳаҳои муҳими пешниҳодгардида сармоягузории худро ба роҳ монад.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд, аз ҷумла БАТР, дар шаҳри Хуҷанд якчанд марҳилаи лоиҳаҳои обтаъминкунӣ татбиқ гардидааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд