Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии корхонаи муштараки "Зарафшон"

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ Корхонаи муштараки «Зарафшон» Оуян Лунао мулоқот анҷом дод.

Дар оғози суҳбат таъкид гардид, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ширкати мазкур тағйирот ба амал омада, Оуян Лунао ба вазифаи директори генералӣ таъин шудааст. Раиси вилоят ба Оуян Лунао дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият муваффақият орзу намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои фаъолияти корхона дар шаш моҳи аввали соли 2025 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюмро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат нақши корхонаи муштараки «Зарафшон» хеле муҳим ва назаррас аст.

Қайд шуд, ки ҶДММ корхонаи муштараки "Зарафшон" азимтарин корхонаи коркарди маъдан дар кишвар ба ҳисоб рафта, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ назаррас мебошад. Айни замон дар корхона зиёда аз 3000 нафар корманд фаъолият доранд, ки бахши асосии онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.

Раиси вилоят бо ишора ба таҳлилҳои мавҷуда дастур дод, ки корхона соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои истеҳсолиро боз ҳам боло бурда, дар баробари он барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳбудии шароити коргарон ва дастгирии иҷтимоии онҳо тадбирҳои муассир роҳандозӣ намояд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки корхона бояд уҳдадориҳои иҷтимоии худро сари вақт иҷро намуда, дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз қабили мактаб ва кӯдакистонҳо дар шаҳри Панҷакент фаъолона иштирок намояд.

Оуян Лунао – директори генералии корхона дар навбати худ аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки роҳбарияти ширкати «Зарафшон» тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам афзун намояд ва саҳми худро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа бештар гардонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд