Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо мураббиёни дастаи футболи “Хуҷанд” мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки бо қарори роҳбарияти клуб ба вазифаи сармураббии дастаи футболи “Хуҷанд” Александр Крестинин таъин гардид.
Мураббии номдори рус дар гузашта дар чандин дастаҳои лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд ва дар рушди футбол дар минтақа саҳми назаррас гузоштааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат ба ситоди мураббиён ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, барои татбиқи амалӣ ва саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди футбол роҳбарияти мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд