3 апрели соли 2025 Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар доираи ин сафар дар шаҳри Гулистон мулоқоти расмии дуҷониба ва ҷаласаи васеи ҳайатҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст меҳмони олиқадрро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин – муносибатҳои байниминтақавӣ миёни ду кишвар дар ҳоли тавсеа қарор дошта, мубодилаи молу маҳсулот афзоиш ёфта истодааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва дигар бахшҳои афзалиятнок таъкид карданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар доираи ин сафар Раиси Ҷумҳурии Тотористон ва ҳайати ҳамроҳаш бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии Суғд шинос гардида, бо соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои вилоят мулоқот анҷом хоҳанд дод. Ҳамчунин, доираҳои тиҷоратии ду ҷониб дар бизнес-форум роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳадафи асосии мулоқот густариши равобит ва дарёфти имкониятҳои нав баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тотористон мебошад. Ин тадбир идомаи мантиқии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия буда, ба таҳкими робитаҳои стратегӣ ва шарикии иқтисодии ду ҷониб мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд