Мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии мардумии Чин

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарони ширкатҳои чинии «Shandong Ducrling Group» ва «Ujiha Study Abroad Consulting service» Ву Сихао ва Ван Сукуйро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин, ки самараи сиёсати оқилонаи роҳбарони давластҳост, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот тарафҳо доир ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, бунёди корхони истеҳсоли техникаи маишӣ, бунёди биноҳои баландошёна ва инфрасохтори зарурӣ барои шаҳракҳои навбунёд, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва ҷалби ҷавонон донишгоҳҳои Чин мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон ҳамкорӣ дар бахши истеҳсол ва истифодаи панелҳои офтобӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти бунёду навсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд