Мулоқот бо роҳбари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон Виктор Лутенко

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили муҳоҷират ва роҳҳои ба танзим даровардани он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ба ҳар сокини мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаи бахшҳо диққати махсус дода шуда, барои таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор ҳамасола садҳо корхонаҳои нави саноатӣ фаъол гардонида мешавад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар самти танзими муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд