Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ширкати "БТК Групп"- и Федератсияи Россия

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ширкати "БТК Групп"-и Федератсияи Россия Сергей Костогризро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ду кишвар ҳамкориҳои мутақобилан судманд доранд.

Вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, бо сармояи муштарак як қатор корхонаҳои саноатӣ дар вилоят фаъолият доранд. Ҳамзамон вилояти Суғд омода аст ҳамкорриро дар бахшҳои саноату кишоварзӣ боз ҳам тақвият бахшад.

Ширкати "БТК Групп"-и Федератсияи Россия дар ноҳияи Спитамен ба кишту парвариши пахта, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - либосҳои махсус машғул буда, тибқи фармоиш маҳсулотро ба Россия содирот менамояд. Ба иттилои масъулин талабот ба маҳсулоти онҳо дар Россия зиёд шуда истодааст ва аз ин лиҳоз тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар заминаи корхонаи "Зиннат" корхонаи дӯзандагӣ ташкил карда шавад. Бо ин мақсад ба маблағи 265 миллион рубли русӣ таҷҳизоти зарурӣ ва мошинаҳои дарздӯзӣ ворид карда шуд. Корхонаи нав метавонад дар марҳилаи аввал 350 нафар дӯзандагонро ба кор қабул намояд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд