Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев

Барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» наздик 40 нафар кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев ба вилояти Суғд ташриф оваранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат роҳбарони вилоятҳо таъкид карданд, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои байни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, робитаҳои дӯстона мустаҳкам гардида истодааст.

Раиси вилоят аз сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки чанд моҳ қабл сурат гирифта буд, ёдоварӣ карда, аз рушди муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд беш аз 1000 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, зиёда аз 250 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Захираву имкониятҳо ҳанӯз фаровон аст ва доираҳои тиҷоратии ду тараф метавонанд ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.

Ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев низ аз таҳкими муносибатҳо бо вилояти Суғди Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» миёни соҳибкорони вилоятҳои шарномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи «Харитаи роҳ», ки дар ҷараёни сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тошканд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати вилояти Тошканд имзо шуда буд, ба рушди ду вилоят такони нав мебахшад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд