Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Намангон Ша­вкатҷон Абдуразоқов

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳо­кими вилояти Наманго­ни Ҷумҳурии Ӯзбекист­он Шавкатҷон Абдураз­оқовро ба ҳузур пази­руфт.

Ҳайати вилояти Наман­гон бо роҳбарии ҳоки­ми вилоят барои ишти­рок дар Ярмаркаи ба­йналмилалии савдо «С­уғд-2024» ба вилоят ташриф овард.

Аснои мулоқот роҳбар­они вилоятҳо аз густ­ариши ҳамкории мутақ­обилан судманд, ки самараи сиёсати оқило­наи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳ­дати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳм­он ва Президенти Ҷум­ҳурии Узбекистон муҳ­тарам Шавкат Мирзиёев аст, изҳори қаноат­мандӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тақвияти робитаҳои дӯстона бо вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол карда, бар­ои боз ҳам тавсеа ёф­тани муносибатҳо омо­дагии худро изҳор до­шт. Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду вилоят метавонанд дар соҳаҳои саноату ки­шоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиа­тбахшро амалӣ созанд.

Ҳокими вилояти Наман­гони Ҷумҳурии Ӯзбеки­стон Шавкатҷон Абдур­азоқов дар навбати худ ташкили Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024»-ро имко­ни хубе барои таҳкими муносибатҳои иқтис­одӣ арзёбӣ карда, ом­одагии худро барои тақвияти робитаҳо баён дошт.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳа­мкорӣ ба анҷом расид.

Боиси таъкид аст, ки наздик 20 нафар роҳбарони ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои саноатии вилояти Намангон ба вилояти Суғд омадаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд