Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот намуд.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят саҳми ташкилоти байналмилалии молиявиро дар татбиқи тарҳҳои бузург назаррас арзёбӣ кард. Бо сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то имрӯз як қатор тарҳҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» амалӣ шудааст.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи меҳмонон ба навсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва кашидани хатҳои оби полезӣ ҷалб карда шуд, роҳбарияти вилоят барои тақвияти ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуд.
Роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел дар навбати худ таъкид кард, ки бонк омода аст, ки барои ҳамаи самтҳои афзалиятнок маблағгузорӣ намояд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳо барои насби панелҳои офтобӣ, системаи гармидиҳӣ дар муассисахои иҷтимоӣ, навсозӣ ва насби зеристгоҳҳои барқӣ хело зарурӣ ва судманд мебошад.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба амалисозии лоиҳаи махсус ҷиҳати воридсозии электробусҳо ба шаҳри Хуҷанд мубодилаи афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд