Мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистон

15 апрели соли 2024 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи гуруҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду тараф ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок доштанд.

Дар мулоқот тазаккур дода шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти назарраси гуруҳҳои кории ду ҷониб ва талошҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор дар соли 2023 ва се моҳи соли 2024 муносибатҳои дӯстона ба роҳ монда шуда, ҷонибҳо масоили мавҷударо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ баррасӣ ва ҳал намуда истодаанд.

Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳоямон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ҳамкориҳои минтақавӣ густариш ёфта, ҳар ду тараф ҷиҳати таҳкими муносибатҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Гуфта шуд, ки мақомоти давлатии ду ҷониб барои иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои муштарак миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар 2023 ва чор моҳи сипаришадаи соли 2024 аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд ва дар натиҷа муносибатҳо таҳким ёфтанд.  

Ҷонибҳо бори дигар бар зарурати ҳали масъалаҳои марзӣ бо роҳи якдигарфаҳмӣ таваҷҷуҳ равона намуда, қайд намуданд, ки кори комиссияи муштарак фаъолона идома дорад. 

Тарафҳо доир ба мустаҳкам намудани робита миёни вилоятҳо, ҳамсоядории нек, эҷоди фазои ором ва эҳтироми ҳамдигар, ба охир расонидани таъин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор намуданд ва мулоқот дар фазои дӯстӣ ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд