Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен

25 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен мулоқот намуд.

Дар мулоқот ба саҳми Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар бахшҳои маорифу тандурустӣ баҳои арзанда дода шуда, таъкид гардид, ки ташкилоти байналмилалӣ минбаъд низ ҳамкории худро идома медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат илова намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакону наврасон шароити зарурии таълиму тарбия, истироҳату фароғат фароҳам оварда шуда, ба ин қишри ҷомеа, ки ояндаи давлату миллат ҳаст, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад. Ҳамзамон, давлат кӯдакону наврасоне, ки бепарастор мондаанд, зери ҳимоят гирифта, мунтазам ба онҳо ғамхорӣ менамояд.

Дар ин раванд ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ низ натиҷабахш буда, саҳми ин ташкилот дар амалӣ намудани барномаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини солимии кӯдакон, ғизои модару кӯдак, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ назаррас мебошад.

Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) тайи солҳои фаъолияти худ дар вилояти Суғд бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ намуда, дар оянда низ барои рушди ҷомеа аз имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Дар мулоқот пешниҳод гардид, ки оянда лоиҳаҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи донишу хизматрасонии равоншиносон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, кор бо кӯдакони аз ҷиҳати равонӣ мушкилидошта, баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва баланд бардоштани тахассуснокии кормандони идораҳо, ки бо кӯдакон кор мекунанд, дастгирии марказҳои дастгирии модару кӯдак, хона-интернатҳо татбиқ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд