Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Мариан Шиманович

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода менеҷери лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон Мариан Шимановичро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳои масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоти «Хелветас» — и Шветсария баррасӣ шуд.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки саҳми ташкилоти байналхалқӣ дар татбиқи лоиҳаҳои обёрӣ ва захираҳои обӣ назаррас буда, бо дастгирии он як қатор лоиҳаҳо амалӣ шудааст.

Раиси вилоят таъкид кард, ки дар вилояти Суғд беш аз 60 ҳазор адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, бо назардошти талабот ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардида истодааст. Бинобар ин, зарурати таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ ба миён омада, татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт муҳим мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашту Мастчоҳ, Зафаробод заминҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст барои амалисозии лоиҳаҳои нав ва таҷдиди пойгоҳҳо ҳамкорӣ намояд.

Мариан Шиманович бо пешниҳоди лоиҳаҳо доир ба саҳмгузории ташкилот дар татбиқи тарҳҳои нав маълумот дод ва мулоқот бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд