Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҳайатҳои расмии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. 

Ҳайати вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ба вилояти Суғд ташриф овард.

Мулоқоти ҷонибҳо бо иштироки роҳбарони вилоятҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар қароргоҳи Сарвари давлат ҷараён гирифт. 

Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои дӯстона миёни вилояти Суғд ва вилояти Бодканд таҳким ёфта, ба тақвияти ҳамкориҳо аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Зеро муносибати неки ҳамсоядорӣ омили асосии густариши робитаҳо ба ҳисоб меравад.

 

Мақомоти давлатии ду ҷониб барои иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои муштарак миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои соли 2023 аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд ва дар натиҷа муносибатҳо таҳким ёфтанд. 

Ҷонибҳо бори дигар бар зарурати ҳали масъалаҳои марзӣ бо роҳи якдигарфаҳмӣ таъкид карда, қайд намуданд, ки кори комиссияи муштарак фаъолона идома дорад. 

Тарафҳо доир ба мустаҳкам намудани робитаи миёни вилоятҳо, ҳамсоядории нек, эҷоди фазои ором ва эҳтироми ҳамдигар, бо роҳи гуфтушунид ба охир расонидани таъин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор намуданд. 

Дар охир аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев Нақшаи чорабиниҳои муштарак миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои соли 2024 ба имзо расонида шуд. 

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд