Мулоқоти Раиси вилоят бо Ян Чжи Сай

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мушовири махсуси роҳбари ширкати "Тибет Эверест" Ян Чжи Сай мулоқот намуд.

Дар мулоқот фаъолияти кунунии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилояту ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар пешрафти саноат назаррас аст. Дар корхона асосан консентрати сурб ва консентрати руҳ истеҳсол мешавад ва дар он беш аз 3 ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ мебошанд.

Ҷонибҳо амалӣ намудани тарҳҳои нав, воридсозии технологияҳои муосир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зарур шуморида, ёдовар шуданд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода бурда шавад.

Раиси вилоят ҳамзамон барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти маҳсулот, пардохти саривақтии андозу маоши кормандон, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои корхона вазифагузорӣ намуд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо тарҳрезии нақшаи корӣ барои соли 2024 ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд